мурофаа — мурофиа … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
қозихона — [قاضي خانه] таър. маҳкамаи қозӣ, дорулқазо, ки мурофиаҳо дар он ҷо анҷом меёфтанд; ба қозихона кашидан (касеро) ба касе даъвогар шуда, ӯро барои мурофиа ба қозихона бурдан; муқоб. ба суд додан ◊ гапро ба қозихона бурдан аз пайи таҳқиқи гапе шудан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
мурофиахона — [مرافعه خانه] 1. маҳалли мурофиа 2. таър. қозихона, ки дар он ҷо мурофиа барпо мешуд … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
суд — I [سود] фоида, нафъ, манфиат; суд бахшидан нафъ доштан II [سود] мақоми давлатӣ, ки мурофиаҳои шаҳрвандӣ ва ҷиноятиро мебинад, додгоҳ; суди халқӣ, суди олӣ; ба суд додан касеро барои мурофиа ба суд кашидан; суд кардан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
фатво — (фатвӣ) [فتوا // فتوي] а 1. ҳукми шаръӣ, санади навиштаи муфтӣ доир ба ягон масъалаи динӣ ё мурофиа дар асоси аҳкоми шариат; фатво баровардан (додан, навиштан) райъ додан ва асоси шаръӣ нишон додани муфтӣ ва мутасаддии аҳкоми шариат оид ба ягон… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
айбнома — [عيب نامه] ҳуқ. ҳукми айбдоркунӣ, ҳуҷҷати айбдоркунӣ, хулосаи ҳукми мурофиа … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
дорулқазо — [دارالقضا] а. кҳн. қозихона, хонаи мурофиа ва файсалдиҳии даъвоҳо аз тарафи қозӣ … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
котибона — [کاتبانه] кҳн. музде, ки дар Бухорои амирӣ дар мурофиаҳо барои китобат ситонда мешуд … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
маҳкама — [محکمه] а. кҳн 1. ҷое, ки ҳукм бароварда мешавад; ҷои ҳукмбарории қозӣ; ба маҳкама кашидан барои муҳокимаи даъво (мурофиа) ба маҳкама овардан 2. кит. девон, идораи давлатӣ: маҳкамаи қушбегӣ, маҳкамаи ҳоким … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
маҷлис — [مجلس] а 1. кит. маҳалли ҷаласа, ҷои ҷамъомад, ҷамъомадгоҳи одамон барои машварат, маслиҳат ё сӯҳбат дар бораи коре 2. ҷамъ шуда нишастани чанд кас барои баррасию муҳокимаи чизе ё ҳалли масъалае; ҷамъомади расмии аъзои ягон созмон, ҷаласа:… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ